Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат додааст. «З.Саидов дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ қарор дошта, алҳол ба ӯ айбнома пешниҳод нашудааст. Дар муддати 10 рӯз аз замони ҳабс ба ӯ айбнома пешниҳод шуда метавонад», – гуфтанд дар Агентӣ.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.


