Қарзи БИР барои обёрии заминҳои дашти Данғара

Date:


Бонки исломии рушд (БИР) барои амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара дар ҳаҷми 6,6 млн. динори исломӣ (тақрибан 10,1 млн. $) маблағи қарзӣ ҷудо мекунад.

Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва БИР дар бораи аз ҷониби бонк ихтисос додани қарзи мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва президенти БИР Аҳмад Муҳаммад Алӣ рӯзи чоршанбе дар Душанбе ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, барои амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара дар маҷмӯъ 26,8 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Дар марҳилаи сеюми лоиҳа обёрии беш аз 1,7 ҳазор гектар заминҳои нав ҷиҳати кишти пахта (900 га), зироати ғалладона (350 га), боғпарварӣ (200 га), токпарварӣ (100 га), сабзавоткорӣ (100 га) ва ҳамчунин хӯроки чорво (100 га) пешбинӣ шудааст. Аз анҷоми амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳа соли 2016 интизорӣ меравад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 барои татбиқи марҳилаи дуюми ин лоиҳа БИР дар ҳаҷми 13,7 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда буд. Дар баробари БИР, ба амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа Фонди Кувайт ва ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳаҷми умумии 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданд. Дар ин марҳила тайи солҳои 2009-2013 ҳудуди 7 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара, ки соли 2009 ба итмом расида буд, 2,5 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...