Боздиди сафири Олмон аз АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати сафирияш дар кишвари мо баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори АНМН барои ҳиссаи арзанда ва хизматҳои шоён дар таҳкими иқтидори мақомоти […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати сафирияш дар кишвари мо баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори АНМН барои ҳиссаи арзанда ва хизматҳои шоён дар таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ ба хонум Хертрампф миннатдорӣ баён карда, ба саҳми махсуси вай дар ҳамкориҳои судманд миёни Идораи Федералии политсияи криминалии Олмон (БКА) ва Агентӣ дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд доданд.

Дар навбати худ хонум сафир муҳимияти ҳамкориҳои ду идораро қайд карда, изҳори боварӣ кунониданд, ки дар оянда низ ҳукумати Олмон ҳамкориҳои зичро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба роҳ хоҳад монд.

Дар хотимаи вохӯрӣ хонум Дорис Хертрампф дар Китоби фахрии Агентӣ барои меҳмонони олиқадр фикру андешаҳои худро иброз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.