Қарзи БИР барои обёрии заминҳои дашти Данғара

Бонки исломии рушд (БИР) барои амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара дар ҳаҷми 6,6 млн. динори исломӣ (тақрибан 10,1 млн. $) маблағи қарзӣ ҷудо мекунад. Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва БИР дар бораи аз ҷониби бонк ихтисос додани қарзи мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва президенти […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки исломии рушд (БИР) барои амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара дар ҳаҷми 6,6 млн. динори исломӣ (тақрибан 10,1 млн. $) маблағи қарзӣ ҷудо мекунад.

Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва БИР дар бораи аз ҷониби бонк ихтисос додани қарзи мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва президенти БИР Аҳмад Муҳаммад Алӣ рӯзи чоршанбе дар Душанбе ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, барои амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара дар маҷмӯъ 26,8 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Дар марҳилаи сеюми лоиҳа обёрии беш аз 1,7 ҳазор гектар заминҳои нав ҷиҳати кишти пахта (900 га), зироати ғалладона (350 га), боғпарварӣ (200 га), токпарварӣ (100 га), сабзавоткорӣ (100 га) ва ҳамчунин хӯроки чорво (100 га) пешбинӣ шудааст. Аз анҷоми амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳа соли 2016 интизорӣ меравад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 барои татбиқи марҳилаи дуюми ин лоиҳа БИР дар ҳаҷми 13,7 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда буд. Дар баробари БИР, ба амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа Фонди Кувайт ва ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳаҷми умумии 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданд. Дар ин марҳила тайи солҳои 2009-2013 ҳудуди 7 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи обёриии заминҳои дашти Данғара, ки соли 2009 ба итмом расида буд, 2,5 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.