Кумаки БИР дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

Президенти Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон кумак ҳохад кард. «Ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ буда, мо ба амалисозии лоиҳаҳое, ки на танҳо барои  кишвар манфиатоваранд, таваҷҷуҳ дорем», – иброз дошт ӯ бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони ИБР дар Душанбе. Президенти БИР зикр […]

Пайрав Чоршанбиев


Президенти Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон кумак ҳохад кард.

«Ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ буда, мо ба амалисозии лоиҳаҳое, ки на танҳо барои  кишвар манфиатоваранд, таваҷҷуҳ дорем», – иброз дошт ӯ бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони ИБР дар Душанбе.

Президенти БИР зикр кард, ки дар Туркманистон аллакай аз ҳисоби воситаҳои худӣ ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани ин кишвар оғоз кардаанд.

«Ояндаи наздик мо масъалаи маблағгузории қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳанро баррасӣ мекунем ва муҳим он аст, ки раванди баррасии масъалаи мазкур аллакай роҳандозӣ гардид», – афзуд Аҳмад Муҳаммад Алӣ.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе президенти Тҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ҷалб намуд.

Қобили зикр аст, ки 20-уми марти соли равон зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани мазкур ба имзо расид.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.