Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар

Ин замон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бахшида ба Рӯзи ҷавонон вохӯрии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ ҷараён дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ муколамаи ошкори президент бо ҷавонон оид ба масоили ҳаёти ҷамъиятӣ ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷавонон дар назар аст. Ба […]

ASIA-Plus


Ин замон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бахшида ба Рӯзи ҷавонон вохӯрии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ муколамаи ошкори президент бо ҷавонон оид ба масоили ҳаёти ҷамъиятӣ ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷавонон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ аз номи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз аввали моҳи май дар робита ба ин вохӯрӣ шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доштанд, ки саволҳои худро ба президент ба унвонии сомонаи расмии сарвари давлат ва сомонаи Шабакаи аввали телевизион ирсол намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.