Маъракаи таблиғотии АНМН миёни кормандони роҳи оҳан

Date:


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо муттасадиёни хадамоти бехатарӣ, бригадирҳо ва роҳбаладон, инчунин воҳидҳои таъмирии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» мулоқот доир карданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, вохӯрии мазкур бо мақсади пурзӯр намудани назорати самти пешгирии интиқоли маводи нашъадор тавассути нақлиёти роҳи оҳан ташкил шуда буд.

Ба иштирокчиёни вохӯрӣ ахборот оид ба вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва муомилоти ғайриқонунии мухаддирот ва прекурсорҳо дода шуд. Махсусан таъкид карда шуд, ки роҳи оҳан, яке аз инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дигар мамлакатҳо мепайвандад ва нашъаҷаллобон ин намуди нақлиётро барои мақсадҳои ҷиноятии худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, барои кормандони нақлиёти роҳи оҳан муҳим аст, ки иттилоотро дар бораи ҷойҳои пинҳогоҳҳои вагонҳои нақлиёти роҳи оҳан дошта бошанд.

Дар чорабинии номбурда инчунин кормандони раёсати оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ва шӯъбаи тафтишотии Агентӣ иштирок намуда, дар бораи қонунвайронкуниҳои вобаста бо мухаддирот алоқаманд дар роҳи оҳан маълумот доданд.

Ҳангоми натиҷабарории мулоқоти мазкур намояндагони роҳбарияти роҳи оҳан миннатдорӣ изҳор намуда, қайд карданд, ки барои бурдани корҳои ошкорсозии алоқаманд бо қочоқи мухаддирот дар нақлиёти Роҳи Оҳан зарурати пурзӯр кардани ҳамкории ҳамаи хадамоти дахлдор, аз ҷумла милитсия ва Агентӣ ба миён омадааст, то ки дигар ба ҳолатҳои интиқоли мухаддирот ба воситаи роҳи оҳан роҳ дода нашавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...