Маъракаи таблиғотии АНМН миёни кормандони роҳи оҳан

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо муттасадиёни хадамоти бехатарӣ, бригадирҳо ва роҳбаладон, инчунин воҳидҳои таъмирии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» мулоқот доир карданд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, вохӯрии мазкур бо мақсади пурзӯр намудани назорати самти пешгирии интиқоли маводи нашъадор тавассути нақлиёти роҳи оҳан ташкил шуда буд. Ба иштирокчиёни вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо муттасадиёни хадамоти бехатарӣ, бригадирҳо ва роҳбаладон, инчунин воҳидҳои таъмирии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» мулоқот доир карданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, вохӯрии мазкур бо мақсади пурзӯр намудани назорати самти пешгирии интиқоли маводи нашъадор тавассути нақлиёти роҳи оҳан ташкил шуда буд.

Ба иштирокчиёни вохӯрӣ ахборот оид ба вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва муомилоти ғайриқонунии мухаддирот ва прекурсорҳо дода шуд. Махсусан таъкид карда шуд, ки роҳи оҳан, яке аз инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дигар мамлакатҳо мепайвандад ва нашъаҷаллобон ин намуди нақлиётро барои мақсадҳои ҷиноятии худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, барои кормандони нақлиёти роҳи оҳан муҳим аст, ки иттилоотро дар бораи ҷойҳои пинҳогоҳҳои вагонҳои нақлиёти роҳи оҳан дошта бошанд.

Дар чорабинии номбурда инчунин кормандони раёсати оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ва шӯъбаи тафтишотии Агентӣ иштирок намуда, дар бораи қонунвайронкуниҳои вобаста бо мухаддирот алоқаманд дар роҳи оҳан маълумот доданд.

Ҳангоми натиҷабарории мулоқоти мазкур намояндагони роҳбарияти роҳи оҳан миннатдорӣ изҳор намуда, қайд карданд, ки барои бурдани корҳои ошкорсозии алоқаманд бо қочоқи мухаддирот дар нақлиёти Роҳи Оҳан зарурати пурзӯр кардани ҳамкории ҳамаи хадамоти дахлдор, аз ҷумла милитсия ва Агентӣ ба миён омадааст, то ки дигар ба ҳолатҳои интиқоли мухаддирот ба воситаи роҳи оҳан роҳ дода нашавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.