Cафорат: Сангандозӣ ба бинои сафорати Бразилия ҷанбаи сиёсӣ надорад

Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар робита ба он, ки шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҳ Бобозода ба сӯйи дарвозаи сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, ҳанӯз рӯзи аввал изҳор дошта буд, ки ин қазия ҳаргиз ҷанбаи сиёсӣ надорад.                                         […]

ASIA-Plus


Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар робита ба он, ки шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҳ Бобозода ба сӯйи дарвозаи сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, ҳанӯз рӯзи аввал изҳор дошта буд, ки ин қазия ҳаргиз ҷанбаи сиёсӣ надорад.    

                                              «Мо мутмаъин будем, ки ин ҷавони тоҷик гирифтори бемории рӯҳист, аммо то замони пурра арзёбии қазия аз расман эълом доштани ин андеша худдорӣ намуда будем», – гуфта мешавад дар иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Тавре намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар медиҳад, сафири Точикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дастур дода буд, ки ҷузъёити ин ҳодиса ба пуррагӣ таҳқиқ гардад.

Дирӯз мулоқоти масъулини сафорат бо модари Абдуллоҳ – Назира, ки аз ҳодисаи писараш огоҳ набуд ва дар пайи ҷустуҷӯйи писараш ба Хадамоти Консулии Сафорат муроҷиат намудааст, баргузор гардид. Ин бонуи тоҷик хабар дод, ки писараш аз қисмати шимоли Русия, ки дар онҷо дар Донишгоҳи федеролии Шимолу Арктикии ба номи М. Ломоносов (САФУ) таҳсил дошт, бинобар бад шудани вазъи саломатияш тариқи қатора ба Маскав, назди модараш ба роҳ баромада буд. Аммо ӯ тайи ин сафар борҳо дар истгоҳҳои мухталиф аз қатора поён шуда, тавассути роҳҳои дигар худро то ба пойтахт расондааст. Ҳамшарикони таҳсилаш низ гуфтаанд, ки бинобар хурӯҷи нави беморӣ Абдуллоҳ вақтҳои охир дар ҳолати нофаҳмои асабӣ қарор доштааст. Пеш аз сафар ва ҳини расидан ба Маскав ӯ ба касе занг назадааст. 

Модари Абдуллоҳ тасдиқ намудааст, ки ҳанӯз 28 ноябри соли 2011 писарашро мошин зада буд ва ӯро дар ҳолати вазинин ба Бемористони вилоятии ш. Архангельск оварда буданд. Ташхис нишон додааст, ки номбурда осеби вазнини майнаи сар бардоштааст (ушиб головного мозга тяжелой степени с формированием множественных контузионных очагов в левом полушарии мозга). Ӯ ҷарроҳии вазнини сарро гузаронида, дар таҳти назорати табибони соҳа қарор доштааст.

«Хулоса, дар ихтиёри сафорат феълан тамоми ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи он, ки шаҳрванд А. Бобозода бемор аст ва ба ин иқдоми ноҷо дар ҳолати вазъи муташанниҷи саломатии рӯҳӣ даст задааст, қарор дорад. Бо назардошти он ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, сафорат тасмим гирифтааст якҷоя бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҳалли мушкили ин шаҳрванди Тоҷикистон кумаку мусоидат намояд. Феълан, масъалаи таъмину ӯ бо вакили мудофиа дар рафти тафтишот ва агар лозим ояд, мурофиаи судӣ баррасӣ шуда истодааст. Сафорат ҳамаи ин асноди тиббиро, ки Беморхонаи вилоятии Архангельск расман додааст, дар ихтиёри тафтишот мегузорад», – хабар медиҳад номбурда.

«Мо аз сафорати Бразилия дар Россия, ки бо дарки вазъияти баамаломада ва хоҳиши ҷониби Тоҷикистон даъвои худро нисбати шаҳрванди мо бозпас гирифтааст, изҳори сипос менамоем ва ин иқдоми башардӯстонаро ҷавобгӯйи муносиботи ҳасана ва дӯстонаи миёни кишварҳоямон арзёбӣ мекунем. Ҳамчунин, изҳори умедворӣ мекунем, ки мақомоти тафтишотии Русия бо назардошти ин ҷузъиёти муҳим, қазияро мунсифона баррасӣ хоҳад кард», – изҳор мешавад дар иттилои сафорат.

Зимнан зикр мегардад, ки сафири Тоҷикистон дар Русия А. Достиев ин қазияро пурра таҳти назорат гирифтааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.