Ҳузури Н.Саидов дар ҷаласаи Ҳамкории сартосарии шарикӣ

Дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои директорони Ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар кори он вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ширкат намуд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҷудо намудани грант ба маблағи 16 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаи чоруми Фонди ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф тасдиқ гардид. Лоиҳаи […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои директорони Ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар кори он вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ширкат намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҷудо намудани грант ба маблағи 16 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаи чоруми Фонди ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф тасдиқ гардид. Лоиҳаи мазкур аз 1 сентябри соли 2013 то 31 августи соли 2016 амалӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур масъалаҳои омӯзиши барвақтии кӯдакон, таҳсилоти инклюзивӣ, афзоиши фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти томактабӣ, навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ба модели салоҳиятнокии таълим, тақвияти иқтидори касбии омӯзгорон, рушди инфрасохтор ва заминаи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тақвияти иқтидори кадрии соҳаи маориф ва баланд бардоштани самаранокии он мавриди омӯзиш ва ҳал қарор дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.