Екатеринбург: Ҳалокати 3 муҳоҷири тоҷик дар сӯхтор

Бар асари сӯхтор дар яке аз хонаҳои истиқоматии шаҳри Екатеринбурги Русия се нафар муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо истинод ба маълумоти Консулгарии сафорат дар шаҳри Екатеринбург ин хабарро таъйид намуда, иттилоъ медиҳад, ки шаби 22-юми майи соли равон дар натиҷаи бо ҳам печидани ноқилҳои барқӣ дар боми ин хонаи истиқоматӣ […]

ASIA-Plus


Бар асари сӯхтор дар яке аз хонаҳои истиқоматии шаҳри Екатеринбурги Русия се нафар муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо истинод ба маълумоти Консулгарии сафорат дар шаҳри Екатеринбург ин хабарро таъйид намуда, иттилоъ медиҳад, ки шаби 22-юми майи соли равон дар натиҷаи бо ҳам печидани ноқилҳои барқӣ дар боми ин хонаи истиқоматӣ сӯхтор сар зада, дар натиҷа се нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷик ҳалок ва 6 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои мухталифи шаҳр интиқол ёфтаанд. «Ҳувияти ҳамаи онҳо муайян гардидааст, эшон ҳамагӣ сокинони деҳаи Томини ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошанд», – зикр мегардад дар иттилои сафорат.

Ба қавли намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, феълан аз болои ин ҳодисаи нохуш Кумитаи тафтишотии ш. Екатеринбург парвандаи ҷиноӣ кушодааст. «Парвиз Асоев, консули генералии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург ин қазияро пурра зери назорати шахсии худ қарор додааст ва рӯзҳои наздик, баъди ба поён расидани тафтишот, ҷасади се тан аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристода хоҳад шуд», – гуфт М.Эгамзод.

Зимнан зикр гардид, ки кормандони консулгарӣ аз ҳолу аҳволи 6 тани дигар, ки дар бемористон бистариянд, огоҳанд ва вазъи саломатии ду нафар нигаронкунандаву чор нафари дигар нисбатан хубтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.