Тасдиқи созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукарата бо Финландия

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Финландия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ гардид. Созишномаи мазкур 24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия ба имзо […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Финландия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ гардид.

Созишномаи мазкур 24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия ба имзо расида буд.

Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳори итминон кард, ки пас аз тасдиқи он дар парлумонҳои ҳарду кишвар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Финландия дар бахшҳои иқтисоду гидроэнергетика, сайёҳиву кишоварзӣ ва саноати кӯҳкорӣ густариш хоҳанд ёфт.

«То имрӯз ҳукумати мо бо 25 кишвари дунё чунин созишномаҳо ба тасвиб расонида, таҷриба гувоҳи он аст, ки онҳо ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд», – таъкид дошт вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.