Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо вазири молияи Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Абдулло Маал Мухит мулоқот орост.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Бангладеш дар бахшҳои савдо, соҳибкориву тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои фанниву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни кишварҳо дар сатҳҳои гуногун ва қобили қабул таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
«С.Наҷмиддинов таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкории минбаъдаи бештар густарда бо Бангладеш манфиатдор буда, ба дурнамои мусоиди ҳамкориҳои судманди тарафайн итминон дорад», – хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.


