Пешниҳодоти кӯлобиҳо бобати бекор кардани ҳукми қатл

Date:


Сокинони қишрҳои гуногуни аҳолии шаҳри Кӯлоб масъалаи табдили мораторияи 9-солаи ҳукми қатл ба бекор шудани он дар Тоҷикистон ва ё дар Кодекси ҷиноии ҶТ боқӣ гузоштани онро дар як вохӯрӣ баррасӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода хабар дод, шурӯъ аз соли 2010 гурӯҳи кории махсус дар робита ба ин масъала таҳқиқот гузаронида, миёни аҳолӣ назарсанҷиҳо доир менамояд.

Ба қавли ӯ, дар паёми имсолаи президент ба парлумон зарурати мушаххас кардани масъалаи мазкур таъкид гардида, гурӯҳи корӣ марҳилаи ниҳоии таҳқиқотро оғоз намуд.

«Пешакӣ алҳол чизе гуфта наметавонам, вале таассурот аз вохӯриҳову семинар ва суҳбатҳо гувоҳи онанд, ки аксари аҳолӣ ҷонибдори бекор кардани ҳукми қатл мебошад», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров ва профессори ДМТ Тақдиршо Шарифов ба саволҳои сершумори ҳозирин оид ба масоили ҳуқуқӣ посух гуфтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...