Ба аввали моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 6 млрд. сомонӣ (1$ = 4,75 сомонӣ)-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар муқоисаи бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми бақияи қарзҳо ба андозаи 38,3% афзудааст.
Таркиби бақияи қарзҳо дар чор моҳ аз 64,4 фоиз (беш аз 3 млрд. 918,3 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,6 фоиз (ҳудуди 2 млрд.165 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,66 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,06 фоизи солонаро ташкил додааст.
«Раванди афзоиш ёфтани пешниҳоди қарзҳои хурд бинобар баланд будани талабот ба онҳо идома дорад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,6 фоиз зиёд шудааст», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти БМТ.
Дар Бонки миллӣ таъкид месозанд, ки дар ин давра ба ноҳияҳои дурдасти кӯуҳистон дар ҳаҷми 299 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки дар ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳо дар интиҳои апрели соли равон бомаром идома дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз афзудааст.
Гуфта мешавад, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар ин давра нишон додааст, ки 35,8 фоиз (1 млрд. 769,7 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,2 фоиз (3 млрд. 205,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 14,81 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,26 фоизи солона баробар шуданд.



