Раиси ҲСДТ аз интихоботи мунсифона интизорӣ надорад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки парлумони ҷумҳурӣ орзуву умедҳои даст ёфтан ба баргузории интихоботи президентии каму беш демокративу шаффофро зери хок бурд. «Бо рад шудани пешниҳодҳои Эътилоф барои ислоҳоти демократии қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» ва ҲНИТ, ки ба таъмини усули баробарӣ дар интихобот равона шуда буданд, парлумон […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки парлумони ҷумҳурӣ орзуву умедҳои даст ёфтан ба баргузории интихоботи президентии каму беш демокративу шаффофро зери хок бурд.

«Бо рад шудани пешниҳодҳои Эътилоф барои ислоҳоти демократии қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» ва ҲНИТ, ки ба таъмини усули баробарӣ дар интихобот равона шуда буданд, парлумон умеди охирини мо ба интихоботи мунсифонаро аз байн бурд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Р.Зойиров.

Ба қавли ӯ, аввали ҳафтаи равон вакилони ҲНИТ дар парлумон бори дигар ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ»-ро, ки иштироки баробари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ва ҳавзавиро дар назар дошт, пешниҳод намуданд, вале он рад карда шуд.

«Шуъбаи ҳуқуқии палатаи поёнии парлумон ба чунин хулосае расид, ки ин пешниҳод «қобили қабул» нест, зеро аҳзоби сиёсӣ иштироки намояндагони худ дар ҳамаи қитъаҳои интихоботиро таъмин карда наметавонанд, вале аз изҳороти аҳзоб бармеояд, ки шумори аъзои онҳо барои таъмини намояндагон дар тамоми қитъаҳо кофист», – иброз дошт раиси ҲСДТ.

Ба гуфтаи Зойиров, Ҳизби сотсиалистӣ дар бораи 18 ҳазор, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 20 ҳазор, Ҳизби аграрӣ – 30 ҳазор, Ҳизби коммунист – 40 ҳазор, ҲНИТ – беш аз 50 ҳазор ва ҲХДТ – 210 ҳазор аъзо маълумот медиҳанд.

 «Аз ин бармеояд, ки бо 7,6 ҳазор аъзо ҲСДТ ҳизби камшумортарини кишвар аст ва ҳамчун раиси он ман изҳор менамоям, ки мо ҳар кадоме аз қитъаҳои интихоботиро (беш аз 3,5 ҳазор адад) бо ду намояндаи худ таъмин карда метавонем», – иброз дошт ӯ.

Раиси ҲСДТ афзуд, вақте қитъаҳои интихоботӣ танҳо аз ҷониби ҳукуматдорону дар ҳайати намояндагони ҳизби ҳоким ташкил карда мешаванд, набояд интихоботи мунсифонаву шаффофро интизорӣ дошт.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи рӯзи 27-уми майии Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президент»

дубора рад карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...