Дар ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавсими дарави зироати ғалладона оғоз гардида, баҳри саривақт ҷамъ овардани ҳосил, беш аз 40 комбайни ғалладарави минтақа ба ин ноҳия сафарбар шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати кишоварзии минтақа хабар дод, имсол ҳосили хуб расида, дар заминҳои лалмӣ бо як давр на камтар аз 25 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад, ки қаблан чунин ҳосилнокӣ ба мушоҳида нарасида буд.
«Бесаброна оғози дарав дар 1 гектар майдони озмоишии хоҷагии деҳқонии «Бӯстон»-и ҷамоати Деҳқон-ариқро интизорӣ дорем, зеро дар ин қитъа навъи барои ноҳия нави гандуми «Бастербай» кишт ва озмоишҳои аввал нишон доданд, ки аз он дар 1 гектар метавон аз 75 то 80 сентнер ҳосил ба даст овард», – гуфт сарчашмаи хабар.
Бино ба гуфтаи манбаъ, агар аз ин озмоиш мувафақона анҷом пазирад, ин навъи тухмии гандум дар ноҳия афзалиятнок хоҳад шуд. «Дар заминҳои обёришаванда низ ҳосил хуб парвариш ёфта, озмоишҳо гувоҳи онанд, ки то ба 55 сентнер аз як гектар расонидани ҳосил имконпазир аст», – иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки соли равон дар 11 ҳазору 193 гектар заминҳои ноҳияи Фархор зироати ғалладона кишт шудааст.



