IRS низоми толлингии идораи роҳро иваз карданист

Филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон низоми толлингии идоракунии зерсохтори роҳи моишнгарди Душанбе-Чанакро иваз карданист. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати IRS, барои иваз кардани низоми толлингии мавҷуда ширкат тендери байнулмилалӣ эълон карда, ширкати русиягии «Техно-Траффик» аллакай ба он таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст. Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта мутахассисони ширкати «Техно-Траффик» ҷиҳати шиносоӣ бо […]

Пайрав Чоршанбиев


Филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон низоми толлингии идоракунии зерсохтори роҳи моишнгарди Душанбе-Чанакро иваз карданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати IRS, барои иваз кардани низоми толлингии мавҷуда ширкат тендери байнулмилалӣ эълон карда, ширкати русиягии «Техно-Траффик» аллакай ба он таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст.

Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта мутахассисони ширкати «Техно-Траффик» ҷиҳати шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанак ва ҳамчунин омӯзиши низоми толлингии мавҷуда дар он аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мутахассисони ширкати «Техно-Траффик» бо фаъолияти филиал дар самти нигоҳдорӣ ва идоракунии инфрасохтори роҳи автомобилгард дар заминаи толлинг ошноӣ пайдо карданд. Мутахассисони бахши технологияи иттилоотии филиал дар навбати худ доир ба системаи ҷории толлингӣ, механизми муайянсозии изофабор, системаи мониторинги он-лайн, нақшаи пайванди оптикӣ ва ҷанбаҳои дигар маълумоти муфассалро мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор доданд.

Дафтари асосии ширкати «Техно-Траффик» дар шаҳри Маскав қарор дошта, шурӯъ аз соли 2002 он ба ташкили низомҳои нақлиётии интеллектуалӣ машғул аст.

Дар филиали IRS аз иштироки дигар ширкатҳои гуногуни дорои таҷрибаи таҳия ва татбиқи раҳёфтҳои муосир бо ҷалби технологияи пешрафта дар бахши идоракунии толлингӣ дар тендер интизорӣ доранд.

Ёдрас мекунем, ки механизми толлингии идораи зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 31-уми марти соли 2010 расман ҷорӣ шуд. Механизми мазкур таҳти идораи филиали ширкати бритониёии Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон қарор дорад. Айни замон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 7 плазаи толлингӣ – «Варзоб», «Ҳушёрӣ», «Майхӯра», «Шаҳристон», «Истаравшан», «Деҳмой» ва «Чорух» фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.