Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази давлатии фарҳанги шаҳри Ашқобод маросими пуршукӯҳу мутантани ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев хабар дод, ҳайати намояндагони аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистонро муовини нахуствазир кишвар Руқияи Қурбонова сарварӣ мекунад. «Ба ҳайат ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳҳои эҷодии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ шомиланд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли Достиев, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон то рӯзи 6-уми июн идома ёфта, дар чаҳорчӯби он дар Вазорати фарҳанги ин кишвар мулоқоти ҷонибҳо оид ба рушди муносиботи фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар ин самт доир мегардад.
«Ҳамчунин дар осорхонаи ҳунарҳои рассомии Туркманистон намоишгоҳи ҳунари дастӣ ва асарҳои рассомони Тоҷикистон боз шуда, дар маркази кинову консерти «Туркманистон» филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон намоиш дода мешаванд», – зикр кард номбурда.
Муовини вазир ҳамчунин гуфт, дар Маркази кинову консерти «Ватан» ва вилояти Лебоп консерти дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии Тоҷикистон барпо хоҳанд шуд.



