Иштироки Э.Раҳмон дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳан аз Туркманистон ба ҶТ

Рӯзи 5-уми июн бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон маросими оғози сохтмони қитъаи туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир мегардад. Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDN) , дар ҷаласаи ҳукумат вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов перомуни омодагӣ ба ташрифи сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими оғози сохтмони қитъаи туркманистонии […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи 5-уми июн бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон маросими оғози сохтмони қитъаи туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир мегардад.

Бино ба иттилои

Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDN)

, дар ҷаласаи ҳукумат вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов перомуни омодагӣ ба ташрифи сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими оғози сохтмони қитъаи туркманистонии «Атамырат-Ымамназар-Акин»-и роҳи оҳани минтақавии «Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон» маълумот додааст.

Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов муҳимияти сохтмони ин роҳи оҳанро таъкид дошта, изҳор намудааст, ки «ин роҳ ҳам ба манфиатҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳа ва ҳам ба ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст».

Интизорӣ меравад, ки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба ифтитоҳи шаҳраки Гарлиқ дар вилояти Лебоп низ ширкат хоҳанд варзид. Дар бораи тафсилоти сафари президенти ҷумҳурӣ ба Туркманистон ҳукумати Тоҷикистон алҳол хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми марти соли ҷорӣ зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти Туркманистон ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон ба имзо расид.

Моҳи апрели соли равон дар Ашқобод ҷаласаи нахусти Гурӯҳи кории муштараки ҳмоҳангсоз оид ба татбиқи амалии Ёддошти тафоҳуми зикршуда доир гардида, ҳайати кишварҳо як қатор масоили марбут ба дурнамои амалисозии лоиҳа, ки ба ташкили шоҳроҳи нави роҳи оҳан нигаронида шудаву ҳалқаи муҳим дар ҳамлу нақл миёни кишварҳои қораи Осиё хоҳад гардид, баррасӣ карданд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур бо масофаи умумии 400 километр ҳадди ақал 400 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Чанде қабл муовини вазири умури ҷомеаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Воҳид изҳор карда буд, ки ояндаи наздик кишвараш ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони қисмати афғонистонии роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон

шурӯъ хоҳад кард.

Муовини вазир қайд карда буд, ки қитъаи афғонистонии роҳ 231 километрро ташкил дода, минбаъд Афғонистонро тавассути роҳи оҳани минтақаи Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Аврупо мепайвандад. Ҳукуматдорони Афғонистон умедворанд, ки дар амалисозии лоиҳаи мазкур дар қаламрави Афғонистон, ба онҳо Бонки осиёгии рушд кумак хоҳад кард.

Айни замон ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи воситаҳо барои сохтмони қитъаи тоҷикистонии ин лоиҳа мебошанд. Ахири моҳи май мақомоти раҳбарии Бонки исломии рушд изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани мазкур ба Тоҷикистон

кумак ҳоҳад кард.

«Ояндаи наздик мо масъалаи маблағгузории қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳанро баррасӣ мекунем ва муҳим он аст, ки раванди баррасии масъалаи мазкур аллакай роҳандозӣ гардид», – иброз дошт президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ зимни натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе (18-23-юми май).

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

Аксари коршиносон муътақиданд, ки дар сурати бунёд нагардидани роҳи оҳан бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон, ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии бисёре аз нақшаҳои худ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.