БҶ дар бораи беҳбуди вазъи пахтакории Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, амалисозии лоиҳаи барқароркунии бахши пахтакории Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ аст. Шурӯъ аз соли 2007 лоиҳа аз ҳисоби қарзи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, то моҳи майи соли равон беш аз 14,2 млн. доллари ИМА маблағҳои ин лоиҳа азхуд шудаанд. «Мусоидат ба ҳукумати ҶТ дар […]

ASIA-Plus


Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, амалисозии лоиҳаи барқароркунии бахши пахтакории Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Шурӯъ аз соли 2007 лоиҳа аз ҳисоби қарзи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, то моҳи майи соли равон беш аз 14,2 млн. доллари ИМА маблағҳои ин лоиҳа азхуд шудаанд.

«Мусоидат ба ҳукумати ҶТ дар ҳалли буҳрони марбут ба қарзҳо дар бахши пахтакорӣ, беҳбуди муҳит ва афзоиши истеҳсолнокиву даромад дар ин бахш аз ҷумаи ҳадафҳои лоиҳа аст», – зикр мекунанд дар БҶ.

Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки пас аз изҳороти 30-юми майи соли 2009 дар бораи пурра аз эътибор соқит кардани қарзҳои аксари хоҷагиҳои пахтакор, дар ин бахш пешрафти назаррас ба даст оварда шудааст. Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, ҳаҷми умумии қарзҳоие, ки беэътибор дониста шуданд, тақрибан 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

«Сарфи назар аз коҳиши нархҳои байнулмилалӣ ба нахи пахта, арзиши миёнаи пардохт ба кишоварзон аз 701 доллари ИМА-и солҳои 2010-2011 барои як тонна, солҳои 2011-2012 то 780 доллари ИМА барои як тонна (афзоиш – 11%) боло рафт», – зикр мекунанд коршиносони бонк.

Гуфта мешавад, ба ҳолати ахири моҳи декабри соли гузашта нишондиҳандаи пардохти қарзҳои корхонаҳои коркарди нахи пахта ба бонкҳои тиҷоратӣ ҳамагӣ 92,6%-ро ташкил дода, вале интизорӣ меравад, ки ояндаи наздиктарин вазъ дар ин самт хубтар хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.