Суғд: Қатли бераҳмонаи як оилаи бутун

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодиса шаби рӯзи шанбе ба якшанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодиса шаби рӯзи шанбе ба якшанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳробҷон Бобоеваи 15-соларо ба қатл расонидаанд.

«Санҷарбек Бобоев, кӯдаки 6-солаи оиларо ҷинояткорон дар ҳаммом маҳкам намуда, сипас аз сейф маснӯоти тилоӣ ба маблаги 30 ҳазор доллари ИМА-ро ғорат мекунанд ва баъди ин хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», – зикр мегардад дар итттилои вазорат.

Гуфта мешавад, ноболиғ Санҷарбек Бобоев низ аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса бо фармони вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазири корҳои дохилӣ роҳбари гурӯҳ мебошад. Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар дод, ин оила ба фурӯши маснӯоти тилоӣ машғул буда, яке аз фарзияи айни замон баррасишаванда ин аст, ки ҷинояткорон ба хотири азхуд кардани амволи кушташудагон ба ин амал даст задаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.