Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки ронандагони нақлиёти мусофирбар (маршруткаҳо) ҳамарӯза ба ҷиноятҳои иқтисодӣ даст мезананд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда дар ин робита изҳор намуд, ки ҳар рӯзе мо шоҳиди онем, ки ҳамарӯза мусофирони нақлиёти номбурда ба ивази маблағи роҳкирои дар ҳаҷми 80 дирам ё 1 сомониву 60 дирам муқаррашуда 1 ва 2 сомонӣ маблағ пардохт мекунанду бо баҳонаи «майда нест», ронандагон бақияро барнамегардонанд.
«Асли мушкилот ин аст, ки ҳамарӯза онҳо ба мусофирони зиёде хизматгузорӣ мекунанд ва маблағи зиёде ҳам ҷамъоварӣ мешавад, ки шояд миёни ронандагону маъмурони ин навъи нақлиёт бидуни шакли моликиятдорӣ ва ҳамчунин миёни мақомоти назорат аз болои нақлиёти пойтахт (БДА, нозироти андоз ва ғайра) тақсим карда шавад», – иброз дошт ӯ.
Ш.Ҳакимов шарҳ дод, ки дар ин ҳолат ҳар кадоме аз ронандагон рӯзе чандин маротиба ҷинояти иқтисодӣ содир намуда, гузашта аз ин, дар ин мавридҳо аломатҳои ҷиноёти коррупсионӣ низ ҷой доранд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар шарҳи масъалаи мазкур изҳор кард, ки тарофаҳои роҳкирои равуо дар нақлиёти мусофирбарро мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз моҳи майи соли 2011 муқаррар намуда, то имрӯз он тағйир наёфтааст ва аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд худашон аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят намуда, ба ивази 80 дираму 1 сомониву 60 дирам 1 ва 2 сомонӣ надиҳанд.
Аз телефони боварии Раёсати БДА ВКД ҶТ илова намуданд, ки дар ҳар яке аз нақлиёти мусофирбар варақаҳо бо зикри ному насаби ронанда, рақами телефонҳои ширкате, ки нақлиёт мутааллиқи он аст, часпонида шудаанд ва шаҳрвандони ба ин ҳолатҳо дучоршуда метавонанд бо изҳори рақами нақлиёт ба ин телефонҳои ишорашуда ё ба онҳо бо ариза муроҷиат намоянд.
«Агар чунин ҳолат бори аввал рух дода бошад, мо онҳоро огоҳ месозем, вале агар чандин маротиба такрор шавад, онҳо мавриди танбеҳ қарор гирифта, ҷаримабандӣ мешаванд», – иброз доштанд дар Раёсати БДА.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2011 бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари пойтахт мувофиқи масофаи хатсайр ба ду қисмат ҷудо карда шуданд. Ҳаҷми пардохт барои як қисмати роҳи хатсайр – 80 дирам ва ба ду қисмат – 1 сомониву 60 дирам муқаррар гардид, вале ронандагон ба ҷойи он аксаран мутаносибан 1 ва 2 сомонӣ маблағ меситонанд.



