БҶ ва БИР маблағгузории CASA-1000-ро мувофиқа карданд

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки исломии рушд (БИР) маблағгузории амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро маъқул шумориданд. Дар ин бора мушовири мудири кулли ҶСК «Шабакаҳои миллии барқии Қирғизистон» Леонид Попов хабар додааст. Дар мусоҳиба ба хабаргузории КирТаг номбурда изҳор намудааст, ки зимни иҷлосияи ҳамасолаи Бонки исломии рушд дар Душанбе […]

ASIA-Plus


Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки исломии рушд (БИР) маблағгузории амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро маъқул шумориданд. Дар ин бора мушовири мудири кулли ҶСК «Шабакаҳои миллии барқии Қирғизистон» Леонид Попов хабар додааст.

Дар мусоҳиба ба

хабаргузории КирТаг

номбурда изҳор намудааст, ки зимни иҷлосияи ҳамасолаи Бонки исломии рушд дар Душанбе мададрасонҳои байнулмилалӣ дар симои БИР ва БҶ маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкурро ба таври ниҳоӣ тасдиқ намудаанд. «Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳияи тарҳи фаннниву иқтисодии лоиҳаро маблағгузорӣ карда, ба сифати нозир дар лоиҳа боқӣ мемонад», – иброз доштааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл як мансабдори воломақоми ҳукумати Покистон нашрияи покистонии The Express Tribune хабар дода буд, ки БОР тасмим гирифтааст, ки аз иштирок дар амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)

даст кашад.

Сабаби он таҳдидҳои ноамнӣ ба Афғонистон унвон шуда буд.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР ба сифати яке аз сармоягузорони асосии ин лоиҳа маҳсуб меёфт, вале соли гузашта бонк ба худдорӣ аз иштирок дар чорабиниҳои оид ба масоиили мамалисозии лоиҳа оғоз намуд.

Дар лоиҳаи мазкур сохтмони хатти баландшиддати барқ ва роҳандозии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.