Дубай: Ҳукми 5 соли зиндон ба як тоҷири тоҷик

Дар Аморати Муттаҳидаи Араб як тоҷири тоҷик барои кӯшиши қатли собиқ ҳамсараш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид. Бино ба маълумоти Gulfnews.com ., суди зинаи таҷдиди назари Дубай шикояти ӯ аз болои қарори судро рад ва онро бетағйир боқӣ гузоштааст. Пас аз адои муҳлати ҷазо шаҳрванди Тоҷикистон Ҷ.С. ба ватан истирдод хоҳад шуд. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus


Дар Аморати Муттаҳидаи Араб як тоҷири тоҷик барои кӯшиши қатли собиқ ҳамсараш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Бино ба маълумоти

Gulfnews.com

., суди зинаи таҷдиди назари Дубай шикояти ӯ аз болои қарори судро рад ва онро бетағйир боқӣ гузоштааст. Пас аз адои муҳлати ҷазо шаҳрванди Тоҷикистон Ҷ.С. ба ватан истирдод хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Ҷ.С. собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи тоҷикро аз ошёнаи 2-юми яке аз хонаҳои шаҳри Дубай ба поин афкандааст. Номбурда иқрор шудааст, ки занашро куштанӣ будааст.

Дар суд тасдиқ шудааст, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят айбдоршаванда дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштааст. Барои ин амал маҳкумшуда ҳамчунин ба маблағи 2 ҳазор дирҳам (ҳудуди 550 $) ҷаримабандӣ шудааст.

Маҳкумшуда айбро рад намуда, изҳор доштааст, ки собиқ ҳамсараш худ ба ин амал даст задааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.