Журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов, ки аз рӯзи 6-уми июн гуруснанишинӣ эълон кард, изҳор намуд, ки дар ин муддат касе аз аҳволи ӯ напурсидааст ва ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон инсон ҳеҷ қадре надорад.
«Ман ҳаминро исбот карданӣ будам. Охир гуруснанишинро дар саросари ҷаҳон эъон мекунанд ва бояд як аксуламале ба ин зоҳир гардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ман гуруснанишинии сиёсӣ ва бемуҳлат эъон кардам. Дар ин бора ҳама менависанд, вале ба ҷуз журналистон, касе ба ҳоли ман таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва то замоне, ки дар Тоҷикистон мардум ҳамин тавр ба якдигар бетафовутанд, ҳуқуқҳои онҳо поймол гардида, ба ғорату таҳқири онҳо идома хоҳанд дод», – чунин мешуморад С.Бурҳонов.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки алҳол худро хуб ҳис намуда, ба истилоҳ дар «гуруснанишинии озод» аст ва касе ӯро назорат надорад.
Дар посух ба саволи ОИ «Азия-Плюс» перомуни сабаби хеле пештар, яъне дар давраи печидатар шудани ин мушкилоти зикршуда неву маҳз дар ин замон ба гуруснанишинӣ даст задан, номбурда гуфт, ӯ қаблан ҳам дар саҳфаҳои матбуот дар ин бора ибрози назар карда буд ва ҳатто китоби «Филькина грамота»-ро ба нашр расонидааст. «Аммо дар кишвари мо ҳеҷ касе ба ин таваҷҷуҳ надорад ва аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки гуруснанишинии сиёсии бемуҳлат эълон кунам», – афзуд журналист.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми июн журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов
гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ
эълон кард.
Сафват Бурҳонов журналисти мустақил буда, қаблан дар нашрияҳои мустақиле чун «Нерӯи сухан» ва «СССР» фаъолият дошт. Муассиси созмони «Салом» мебошад, ки фаъолияти он ба нармсозии муносибатҳои миёни Душанбеву Тошканд нигаронида шудааст.



