IFC: Бюрои қарзӣ механизми қарздиҳиро осон мекунад


Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ва байналхалқӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои хурду миёна, соҳибкорон ва мизоҷон  ба маблағ ҷиҳати оғози фаъолияти аввалин Бюрои қарзии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонид.

Тавре аз намояндагии Корпоратсияи мазкур хабар доданд, IFC ва инчунин саҳҳомони Бюрои иттилоотиву қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ ва Ширкати байнадхалқии CRIF, ки бо рушди системаҳои иттилоотиву қарзӣ дар миқёси ҷаҳон машғул аст, оиди оғози фаъолияти бюро кӯшишҳои якҷоя ба харҷ доданд.

Дар иттилоияи IFC зикр мегардад, ки Бюро ҳамчун қисмати бениҳоят муҳими инфрасохтори молиявӣ кори ташкилотҳои молиявиро ҷиҳати додани қарз (кредит) осон гардонида, ба ҷорӣ намудани таҷрибаи қарздиҳӣ бо таъмини ҳисси масъулият мусоидат хоҳад кард. Тавассути расонидани кӯмак ба ташкилотҳои молиявӣ барои арзёбӣ намудани хавф бюро хароҷоти қарздиҳиро кам намуда, дастрасии қарзҳоро густариш мебахшад.

«Бюрои қарзӣ дар идоракунии хавфи қарзҳо ва мусоидат ба густариши маданияти баланди қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиме хоҳад бозид», – гуфт Энрико Лоди, роҳбари кулли Хадамоти бюрои қарзии Ширкати CRIF. – Эъмори бахши молиявӣ аз системаи иттилоотии самаранок, ки идоракунии хавфро танзим намуда, ҷиҳати эътино ба ниёзи молиявии соҳибкорон ва мизоҷон кӯмак менамояд, вобаста аст».

Бонки миллии Тоҷикистон Бюроро моҳи декабри соли 2012 бо иҷозатнома таъмин намуд. Аз он замон ин ҷониб бюро масоили техникии вобаста ба барномаҳои компютерӣ ва ҷамъоварии маълумотро ҳал намуда, дар махзани маълумоти худ оид ба таърихи қарз 200,ҳазор қайд таъсис дод. Бюро инчунин бо якчанд бонку ташкилотҳои қарзи хурди бонуфуз созишнома оид ба ҳамкорӣ имзо намуд.

«Бюрои қарзӣ барои вусъати дастрасӣ ба маблағ ва беҳтар намудани суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таъмини дастрасии мизоҷони дорои ҳисси масъулият ба маблағ ва васеъ намудани дастрасӣ ба қарз (кредит) нақши муҳим хоҳад бозид», –  зикр намуд дар ин робита Фабризио Фрабони, Мушовири IFC оид ба амалиёти асосӣ.

Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур як қисмати Лоиҳаи IFC  оид ба беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ аст, ки мақсади он таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Тоҷикистон буда, дар шарикӣ бо Котиботи Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ амалӣ шуда истодааст.


IFC

, узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, ташкилоти калонтарини байналхалқии рушд мебошад, ки махсусан ба рушди сохтори хусусӣ эътибори хоса медиҳад. Мо ба кишварҳои рушдёфтаистода ҷиҳати ноил гаштан ба рушди босубот тавассути сармоягузорӣ, сафарбаркунии сармоя (капитал) дар бозорҳои байналхалқии молиявӣ ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои машваратӣ ба соҳибкорон ва ҳукуматҳо кӯмак мерасонем. Дар соли молиявии 2012 сармоягузории мо ба 20 млрд доллари ШМА расид, ки ин нишондиҳандаи аз ҳама баландтарин буда, ба сохтори хусусӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳон вобаста ба рушд имкон дода истодааст.

Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ

(SECO)

маркази коршиносони ҳукумати федералӣ оид ба тамоми масоили муҳим вобаста ба сиёсати иқтисодӣ аст. Вазифаи асосии он таъмини рушди босуботи иқтисодӣ тавассути танзими сиёсати иқтисодӣ мебошад. SECO бо дастгирии ислоҳот дар соҳаи сиёсати макроиқтисодӣ, амалӣ намудани барномаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳо оид ба рушди савдо ва сармоягузорӣ машғул аст. 

spot_imgspot_img

Популярное