Муаррифии китоби Зарифӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ

Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус чанде қабл дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск маросими расмии муаррифиномаи китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон»-и вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, қабл аз маросими мазкур сафири Тоҷикистон дар Белорус, намояндаи ваколатдор ва доимии Тоҷикистон дар мақомоти ИДМ Қозидавлат Қоимдодов […]

Аваз Юлдошев


Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус чанде қабл дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск маросими расмии муаррифиномаи китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон»-и вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, қабл аз маросими мазкур сафири Тоҷикистон дар Белорус, намояндаи ваколатдор ва доимии Тоҷикистон дар мақомоти ИДМ Қозидавлат Қоимдодов ба рӯзноманигорон зикр кардааст, ки ин китоб ба ҳунари нотакрори меъмориву наққошӣ ва санъати дастии тоҷикон дар асрҳои гузашта ва имрӯз бахшида шудааст.

Ба қавли ӯ, бахшҳое аз китоб намунаи ҳунарҳои «Хазинаи Ому», «Роҳи бузурги абрешим», наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии мардуми тоҷикро дар бар мегирад.

«Китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон» бо теъдоди 21 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шуда, барои он Ҳамрохон Зарифӣ бо медали тиллоии ЮНЕСКО  сарфароз гардонида шуд. Мардуми тамоми кишварҳои узви ИДМ имкон доранд, ки бо мӯҳтавои китоб ошно гарданд», – иброз доштааст Қоимдодов.

Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев гуфтааст, ин китоб ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва ҳам аз лиҳози ороишоти бадеӣ нодир буда, дар он далелҳои зиёди таърихӣ гирдоварӣ ва нигораҳои нодир дарҷ шудаанд. «Метавон гуфт, ки зери муқоваи китоб осорхонаи таъриху мероси фарҳангии Тоҷикистон – кишвари куҳанбунёд ва пур аз соҳибистеъдодон ниҳон аст», – иброз доштааст ӯ.

Лебедев таъкид доштааст, ки нашри чоруми китоб ба ду санаи муҳим дар таърихи муосири тоҷикон – 16-солагии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва 20 умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи майи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои ҳакамони Озмуни XX-уми байнулмилалии «Ҳунари китоб» (Искусство книги»)-и кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон» дар номинатсияи «Арт-книга» беҳтарин эътироф гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио