Ёрии БҶ ба деҳотиён дар идораи захоири табиӣ

Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба Лоиҳаи аз нигоҳи экологӣ устувори истифодаи замин ва роҳандозии кишоварзӣ дар деҳот миёни Тоҷикистону Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва Бонки байнулмилалии таҷдид ва рушдро ба имзо расониданд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба Лоиҳаи аз нигоҳи экологӣ устувори истифодаи замин ва роҳандозии кишоварзӣ дар деҳот миёни Тоҷикистону Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва Бонки байнулмилалии таҷдид ва рушдро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҳадафи лоиҳа муҳайё сохтани имконот ба сокинони деҳот ҷиҳати афзоиши истеҳсолот аст, то ки ба ин васила идоракунии захоири табииро такмил дода, дар манотиқи интихобшудаи осебпазир ба тағйироти иқлим ба таҳкими устуворӣ ноил гарданд.

Маблағи умумии лоиҳа 14,8 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 9,45 млн. $ бурс дар доираи барномаи санҷишии мутобиқат ба тағйири иқлим таҳти маъмурияти Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва 5,4 млн. $ бурси Фонди глобалии экологӣ таҳти маъмурияти Бонки байнулмилалии таҷдид ва рушдро ташкил медиҳад. Лоиҳа то соли 2018 амалӣ мегардад.

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (International Development Association) ва Бонки байнулмилалии таҷдид ва рушд (International Bank for Reconstruction and Development) муассисаҳои қарзии Бонки ҷаҳонӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.