Суғд: Мизони ҷинояткорӣ 21,8% боло рафт

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 21,8% боло рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентиии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 357 ҳолат […]

Мавлуда Рафиева


Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 21,8% боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентиии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 357 ҳолат ё худ 21,8% бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ шумори ҷиноятҳои вазнин дар вилоят 34 ҳолат ё худ 9,5% афзудааст, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ғончиву Шаҳристон – 5,2 баробар, Ашт – 2,7 баробар ва шаҳри Истаравшан – 2,6 баробар.

Қобили зикр аст, ки шаби 2-юми июн дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров як ҷинояти ниҳоят вазнину мудҳиш содир гардида, афроди номаълум як оилаи бутун, волидайн ва се нафар фарзандони онҳоро ба қатл расониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.