Интерпол: Мақомоти Тоҷикистон ба мушкилот мувоҷеҳанд

Дар сафари чанде қабл доиргардидаи котиби генералии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) Роналд Кеннет Ноубл ба Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Интерпол , баррасии масъалаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризм, таҳкими марзҳо ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон дар […]

ASIA-Plus


Дар

сафари

чанде қабл доиргардидаи котиби генералии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) Роналд Кеннет Ноубл ба Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии Интерпол

, баррасии масъалаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризм, таҳкими марзҳо ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон дар меҳвари барномаи сафари роҳбари ин созмон ба Душанбе қарор доштанд.

«Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии марбут ба фаъолияти гурӯҳҳои фаромиллии нашъаҷаллоб мувоҷеҳанд, ки аз қитъаҳои начандон таҳти дидбонӣ қарордошта истифода мекунанд ва мушкили дигар дар он аст, ки Тоҷикистон кишвари таъминкунандаи ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон буда, аксаран онҳоро ба танфурӯшиву меҳнати маҷбурӣ водор мекунанд», – зикр мегардад дар сомонаи Интерпол.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо шарикони байнулмилалӣ ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.