Ба ватан фиристодани оилаи тоҷики аз Сурия интиқолшуда

Шаш узви як хонаводаи тоҷикистонӣ, ки ахиран тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав оварда шуда буданд, ба Точикистон фиристода шуданд.  Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, волидайнн ва чор нафар фарзандони онҳо се соли охир дар Димишқ, маркази Сурия, иқомат дошта, аслан аз рустои Дегайи ноҳияи […]

ASIA-Plus


Шаш узви як хонаводаи тоҷикистонӣ, ки ахиран тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав оварда шуда буданд, ба Точикистон фиристода шуданд. 

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, волидайнн ва чор нафар фарзандони онҳо се соли охир дар Димишқ, маркази Сурия, иқомат дошта, аслан аз рустои Дегайи ноҳияи Нуробод мебошанд. 

«Яке аз сабабҳои то кунун тӯл кашидани парвози ин хонавода аз Москва ба Душанбе дар он буд, ки фарзанди кӯчаки онҳо гирифтори беморӣ шуд ва то аз тарафи табибони Москва ташхис ва табообати бемории тифлеи аз макони ҷангзада омада гусели ин хонавода имконнопазир буд. Табибон ягон бемории вазнинро дар вуҷуди ин тифли тоҷик ошкор накарданд ва гуфтанд, ки ин бинобар иваз шудани иқлим ба миён омадааст»,- гуфт намояндаи сафорат. 

Зимнан зикр гардид, ки тайи ин муддат мушовири сафорат Мирзодавлат Одинаев якҷо бо масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав ба қазияи ин хонавода машғул буданд ва онҳоро аз фурудгоҳи Домадедово ба Ватан гуселонданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.