Муаррифии китоби Зарифӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ


Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус чанде қабл дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск маросими расмии муаррифиномаи китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон»-и вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, қабл аз маросими мазкур сафири Тоҷикистон дар Белорус, намояндаи ваколатдор ва доимии Тоҷикистон дар мақомоти ИДМ Қозидавлат Қоимдодов ба рӯзноманигорон зикр кардааст, ки ин китоб ба ҳунари нотакрори меъмориву наққошӣ ва санъати дастии тоҷикон дар асрҳои гузашта ва имрӯз бахшида шудааст.

Ба қавли ӯ, бахшҳое аз китоб намунаи ҳунарҳои «Хазинаи Ому», «Роҳи бузурги абрешим», наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии мардуми тоҷикро дар бар мегирад.

«Китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон» бо теъдоди 21 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шуда, барои он Ҳамрохон Зарифӣ бо медали тиллоии ЮНЕСКО  сарфароз гардонида шуд. Мардуми тамоми кишварҳои узви ИДМ имкон доранд, ки бо мӯҳтавои китоб ошно гарданд», – иброз доштааст Қоимдодов.

Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев гуфтааст, ин китоб ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва ҳам аз лиҳози ороишоти бадеӣ нодир буда, дар он далелҳои зиёди таърихӣ гирдоварӣ ва нигораҳои нодир дарҷ шудаанд. «Метавон гуфт, ки зери муқоваи китоб осорхонаи таъриху мероси фарҳангии Тоҷикистон – кишвари куҳанбунёд ва пур аз соҳибистеъдодон ниҳон аст», – иброз доштааст ӯ.

Лебедев таъкид доштааст, ки нашри чоруми китоб ба ду санаи муҳим дар таърихи муосири тоҷикон – 16-солагии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва 20 умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи майи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои ҳакамони Озмуни XX-уми байнулмилалии «Ҳунари китоб» (Искусство книги»)-и кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон» дар номинатсияи «Арт-книга» беҳтарин эътироф гардид.

spot_imgspot_img

Популярное