Оғози имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба макотиби олӣ

Аз 15 то 22-юми июни соли ҷорӣ дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар 7 марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтиҳонҳо оғоз мегардад. Тавре аз хадамоти матбуотии […]

ASIA-Plus


Аз 15 то 22-юми июни соли ҷорӣ дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар 7 марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтиҳонҳо оғоз мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуотии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» хабар доданд, барои супоридани имтиҳонҳо 7115 нафар иштирокчиёне иҷозат дода мешаванд, ки дар давраи бақайдгирӣ (аз 15 то 30 апрели соли 2013) барои иштирок дар озмоиши мазкур аз қайд гузаштаанд. Ҳар як иштирокчӣ тибқи нишондодҳои даъватномаи дастрасгардида бо назардошти рӯйхат, макон, замон ва вақти баргузории имтиҳонҳо метавонад ба марказҳои имтиҳонӣ ҳозир шавад. Ҳар як иштирокчӣ аз рӯи ду компонент (компоненти А: имтиҳонҳои тести умумӣ ва хаттӣ (эссе); компоненти Б: имтиҳони тести тахассусӣ) вобаста ба кластери интихобгардида имтиҳон месупорад.

Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули довталабон Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ ОЗМОИШ-и низоми навро мегузаронад. Дар Озмоиши мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба Озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.