Омодагии шаҳрдории пойтахт ба тӯйи 64 ҷуфти навхонадорон

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ташкили маросими тӯйи дастаҷамъонаи 64 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат, ки рӯзи 27-уми июн бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир мегардад, 247 ҳазору 360 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Маблағ аз суратҳисоби махсуси мақомоти шаҳрдорӣ, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ аз ҷониби сарпарастон ташкил шудааст, ихтисос дода […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ташкили маросими тӯйи дастаҷамъонаи 64 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат, ки рӯзи 27-уми июн бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир мегардад, 247 ҳазору 360 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Маблағ аз суратҳисоби махсуси мақомоти шаҳрдорӣ, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ аз ҷониби сарпарастон ташкил шудааст, ихтисос дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, маблағи мазкур барои барои дастрас намудани сарулибос, пойафзол ва гулдастаҳо ҷиҳати баргузории тӯи арӯсиву домодии навхонадорон пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, маросими тӯйи навхонадорон аз оилаҳои камбизоат дар тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва «Москва» баргузор шуда, дар ҳар як тарабхона барои хешовандону наздикон ва дӯстони 16 ҷуфти навхонадорон мизҳои тӯёна ороста мешаванд.

Маросими умумии ақди никоҳи навхонадорон дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» доир гардида, дар ҷараёни он ба навхонадорон тӯҳфаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва сарпарасон такдим хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.