Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ташкили маросими тӯйи дастаҷамъонаи 64 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат, ки рӯзи 27-уми июн бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир мегардад, 247 ҳазору 360 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
Маблағ аз суратҳисоби махсуси мақомоти шаҳрдорӣ, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ аз ҷониби сарпарастон ташкил шудааст, ихтисос дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, маблағи мазкур барои барои дастрас намудани сарулибос, пойафзол ва гулдастаҳо ҷиҳати баргузории тӯи арӯсиву домодии навхонадорон пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, маросими тӯйи навхонадорон аз оилаҳои камбизоат дар тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва «Москва» баргузор шуда, дар ҳар як тарабхона барои хешовандону наздикон ва дӯстони 16 ҷуфти навхонадорон мизҳои тӯёна ороста мешаванд.
Маросими умумии ақди никоҳи навхонадорон дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» доир гардида, дар ҷараёни он ба навхонадорон тӯҳфаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва сарпарасон такдим хоҳанд шуд.



