Санҷиши ҳолати санитарии қатораи Душанбе-Маскав


Дар саристгоҳи роҳи оҳани Душанбе назорати нақшавии гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир карда шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, гурӯҳи корӣ қатораи навбатиеро ки ба самти Русия, шаҳри Москва омодаи сафар буд, аз назар гузаронид.

«Вазъи санитарӣ дар дохили қатора ва тамоми ашёву анҷоми зарурии он аз назар гузаронида шуда, масъулони қатора, роҳбаладон ва мутасаддиёну кормандони тарабхона омодагии хешро ба сафари навбатӣ нишон доданд. Гурӯҳи корӣ бештар ба тозагии қатора ва ҷои хобу нишастгоҳҳо, тазагии рахти хоб, вазъи санитарии ҷойҳои махсуси хӯроктайёркунӣ, асбобу анҷоми кори тарабхона, яхдону кондитсионерҳо ва зарфҳои хӯрокххӯрӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди нав набудани қатораи мазкур, тамоми шароити дохили он ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ дониста шуда, нозирон ба гурӯҳи кории омодаи сафар барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии мусофирон маслиҳатҳои судманд доданд.

Қобили зикр аст, ки чунин назоратҳо тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустӣ ва корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба таври мунтазам бо иштироки роҳбарону масъулони соҳа доир мегарданд. Назорати навбатӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ, сардухтури санитарии ҷумҳурӣ Аъзамҷон Мирзоев ва сардори раёсати Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Пирназар Шодмонов гузаронида шуд.

spot_imgspot_img

Популярное