Зайд Саидов то ҳанӯз интизори табиб аст


Муфаттишон ба Зайд Саидов дар фурсати наздиктарин, имрӯз ё фардо муоинаи табибро ваъда додаанд. Рӯзи шанбеи гузашта адвокатҳо бо зерҳимояи худ дидору гуфтушунид карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов хабар дод, рӯзи ҷумъа, 14-уми июн ҳангоми аз ҷониби писараш ба ӯ додани лавозимоти заруриву ғизо, дар хатчае ба наздикон З.Саидов навиштааст, ки рӯз то рӯз вазъи солимиаш бад шуда, таъҷилан ба муоинаи табиб эҳтиёҷманд аст.

Ба қавли адвокат, дар тавқифгоҳи КДАМ фаъолияти табиб пешбинӣ нагардида, танҳо ёвари табиб (фелдшер) кор мекунад, ки муоинаи мукаммали зерҳимояаш аз ҷониби ӯ ба гумон аст.

«Рӯзи 15-уми июн дар ҳузури муфаттишон ман бо Зайд Саидов вохӯрдам ва ӯ тасдиқ кард, ки ба муоинаи табиб ниёз дорад. Ӯ аз замони боздошту ҳабс муоинаи духтурро талаб дорад, вале муфаттиш ба он иҷозат намедиҳад. Ӯ дар озодӣ ҳам аз дарди захми меъда шикоят мекарду мудом таҳти назорати табибон қарор дошт ва акнун бидуни муоинаи дахлдору табобат вазъи ӯ хеле бад шуд», – иброз дошт Қудратов.

Адвокат ҳамчунин гуфт, духтуре, ки мудом вазъи солимии Зайд Саидовро таҳти назорат қарор дода буд, ба муоинаи бемори худ дар тавқифгоҳи муваққатӣ омода аст, вале барои ин иҷозати муфаттиш зарур мебошад.

Ахири ҳафтаи гузашта хабар дода будем, ки вазъи солимии тоҷир Зайд Саидов дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ бад шуда, ӯ ба

муоинаи таъҷилии табиб

ниёз дорад. Қобили зикр аст, ки айни замон амволи тоҷири шинохта Зайд Саидов ва хешовандони наздики ӯ

таҳти ҳабс қарор дорад

. Дар баробари ин Агентии зиддифасод ба хадамоти нотариалӣ мактуб равона карддаст, ки то замони дар тафтиш қарор доштани парванда, бо амволи тоҷир ва хешовандонӣ ӯ муомилоти хариду фурӯш анҷом дода нашавад.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.

spot_imgspot_img

Популярное