Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Паҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Паҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Зарафшон ифтитоҳ ёфт. Таъкид гардид, ки ин нахустин коргоҳи холисгардонии тилло то дараҷаи 99,99% аст. Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин рехати 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, ин коргоҳ бо иқтидори ҳозирааш метавонад дар як сол то 7 ҳазор килограмм тиллои холиси дараҷаи 99,99% истеҳсол намояд. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар оянда иқтидори он ба истеҳсоли то 10 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол расонда мешавад. Дар коргоҳи мазкур ҳоло наздики 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар назди ширкати муштараки Зарафшон, ҳамчунин сохтмони коргоҳи нави маъдантозакунӣ бо иқтидори шабонарӯзии коркарди 10 ҳазор тонна маъдан оғоз ёфт. Тибқи нақша, ин корхона то семоҳаи сеюми соли 2014 бояд ба истифода дода шавад. Дар ин корхона беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодию техникии сохтмони коргоҳи коркарди миси холис аз ҷониби ширкати муштараки Зарафшон ба итмом расонда мешавад. Ҳоло дар ширкати муштараки Зарафшон дар маҷмӯъ наздики 2300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 39 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолият доранд.

Тавре таъкид гардид, то соли 2015 барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолии ширкати муштараки Зарафшон иловатан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. То ин вақт тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон ширкати чинии Зиҷин беш аз 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Истеҳсоли солонаи тилло ҳоло ба 1 тонна расидааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.