Таъсири посбонии шабона ба фаъолияти кормандони мақомот

Шурӯъ аз моҳи апрел, беш аз ду моҳ аст, ки кормандони мақомоти интизомӣ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод) мунтазам ба посбонии шабона дар пойтахт машғуланд. Ҳеҷ яке аз мақомоти интизомӣ ба ОИ «Азия-Плюс» сабаби ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб шудани кормандони худро мушаххасу саҳеҳ шарҳ […]

ASIA-Plus


Шурӯъ аз моҳи апрел, беш аз ду моҳ аст, ки кормандони мақомоти интизомӣ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод) мунтазам ба посбонии шабона дар пойтахт машғуланд.

Ҳеҷ яке аз мақомоти интизомӣ ба ОИ «Азия-Плюс» сабаби ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб шудани кормандони худро мушаххасу саҳеҳ шарҳ дода натавонист. Мутобиқи қонунгузорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба дӯши танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», барои навбатдории барзиёд ва посбонии шабонаи шаҳр, ба кормандони сохторҳои қудратӣ изофапулӣ ба музди меҳнат пардохт намегардад. Як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар мақомоти интизомӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, изҳор намуд, ки рӯзи кории пурра ва посбонии шабона ба натиҷаҳои фаъолияти кори ҳамарӯзаи кормандони мақомоти таъсири зиёд мерасонанд.

«Пас аз посбонии шабона, ки то 3-4-и субҳ идома мекунад, кормандон аз нигоҳи ҷисмонӣ ба иҷрои вазифаҳои муқаррарии ҳамарӯзаи худ қодир нестанд. Ғайр аз ин, ахиран ҳатто мутахассисони варзида ба ин гуна сарбориҳо тоб наоварда, аз кор мераванд», – гуфт ҳамсуҳбати ОИ «Азия-Плюс».

Маълумот дар бораи мизони ошкоршавии ҷиноятҳо дар кишвар гувоҳи онанд, ки таҷрибаи истифодаи посбонии шабона дар беҳбуди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ самараи хубе ба бор намеоварад.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, посбонии шабонаи пойтахт то нимаи моҳи ноябр, маъракаи интихоботи президентӣ идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.