Дафтарҳои кории «Тоҷикистони нав»-ро муҳр заданд

Дафтарҳои кории гурӯхи ташаббускорони таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» муҳр карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Маҳмудҷон Қосимов, яке аз аъзои ин гурӯҳ хабар дод, дафтарҳои кории  воқеъ дар маҷмааи «Гуслистон Тур» дарҳол баъди ба ҳабс гирифтани раиси гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов муҳр зада шуданд. «Ҳарчанд дар айбдориҳои расмӣ нисбати ҳизб ягон даъво набуда, ҳамаи […]

ASIA-Plus


Дафтарҳои кории гурӯхи ташаббускорони таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» муҳр карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Маҳмудҷон Қосимов, яке аз аъзои ин гурӯҳ хабар дод, дафтарҳои кории  воқеъ дар маҷмааи «Гуслистон Тур» дарҳол баъди ба ҳабс гирифтани раиси гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов муҳр зада шуданд.

«Ҳарчанд дар айбдориҳои расмӣ нисбати ҳизб ягон даъво набуда, ҳамаи айбҳо танҳо ба фаъолияти шахсии Зайд Саидов бастагӣ дошта бошанд ҳам, ба ҳар ҳол, дафтарҳои кории мо муҳр зада шуданд. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки тамоми қазияи атрофи Саидов ба қарори ӯ дар бораи таъсиси ҳизби нав марбут аст», – гуфт Қосимов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел дар Душанбе аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи «Тоҷикистони нав» иттилоъ дода шуда, дар ҷаласаи махсус Эъломия дар ин хусус қироат карда шуд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии  менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов ва як зумра роҳбарони дигар иттиҳодияҳои тиҷоратии шомил ба Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ҷумлаи ташаббускорони таъсис додани ҳизб унвон шуданд.

Ташаббускорони ҳизби нав изҳор намуданд, ки «Тоҷикистони нав» як платформа барои муттаҳидсозии андешаву ғоя, шахсиятҳо ва имконот баҳри созандагии миллӣ буда, ҳизбро воқеъгароён, навоварон, технократҳо ва ҳирфаиён намояндагӣ хоҳанд кард.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.

Чанде қабл Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов изҳор намуд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов

муҳри «махфӣ»

гузошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.