«Кнауф» ба бозори Тоҷикистон ворид шуданист

Дар шаҳри Берлин сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири иҷроия ва ваколатдори ширкати олмонии «Кнауф» дар кишварҳои ИДМ Александр Блумҳардт мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ, дар сӯҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои ширкати мазкур бо Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Кнауф» дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Берлин сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири иҷроия ва ваколатдори ширкати олмонии «Кнауф» дар кишварҳои ИДМ Александр Блумҳардт мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ, дар сӯҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои ширкати мазкур бо Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Кнауф» дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Намояндаи ширкати «Кнауф» дар бораи сиёсати сармоягузории ширкат ва нақшаҳои тавсеаи фаъолияти он дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ширкати «Кнауф» ба коркарди истеҳсолии манбаҳои гачу оҳаксанг ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби захираҳои меҳнатии маҳаллӣ алоқамандии зиёд дорад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҷузъиёти сафари дарпешистодаи коршиносони ширкати «Кнауф» ба Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт. 

Гурӯҳи байналмилалии ширкатҳои «Кнауф» яке бузургтарин истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ дар ҷаҳон ва пешвои бозори ҷаҳонӣ дар соҳаи истеҳсол ва содироти мавод аз гач маҳсуб мешавад. «Кнауф» – бузургтарин ширкати сармоягузори Олмон дар соҳаи сохтмон мебошад ва дар тӯли 80-соли фаъолияти худ дар 60 кишвари ҷаҳон таъсиси 220 корхонаи истеҳсоли масолеҳи мухталифи сохтмониро сармоягузорӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.