Кӯмаки ИМА ба тиҷорати барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Хазинаи Оғохони ИМА ва ширкати «Помир Энерҷӣ» дар маросими расмии ифтитоҳи хатҳои нави интиқоли барқ ширкат варзиданд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хатҳои нави интиқоли барқ боиси афзоиши интиқоли фаромарзии нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гашта, талаботи аҳолии вулусволии (ноҳияи) Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро […]

ASIA-Plus


Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Хазинаи Оғохони ИМА ва ширкати «Помир Энерҷӣ» дар маросими расмии ифтитоҳи хатҳои нави интиқоли барқ ширкат варзиданд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хатҳои нави интиқоли барқ боиси афзоиши интиқоли фаромарзии нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гашта, талаботи аҳолии вулусволии (ноҳияи) Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро бо барқ қонеъ мегардонад.  USAID тасмим гирифтааст, ки тавассути барномаи минтақавии таъмини амнияти энерҷӣ, самаранокӣ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ (RESET), барои афзоиш додани хатҳои фаромарзии интиқоли барқ ба деҳаи Виёди вулусволии (ноҳияи) Шуғнон ва ду деҳаи хурди Саричашмаи Афғонистон – Тижмой ва Пидруд, 785 ҳазор доллари ИМА-ро ҷудо намояд.

«Вусъат ёфтани дастрасӣ ба нерӯи барқ дар минтақа боиси афзудани ҳаҷми тиҷорат дар бозорҳои маҳаллӣ гардида, ба рушди корхонаҳои нави хурд ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат дар маҳалҳо мусоидат хоҳад кард.  Барномаи мазкур дар асоси рушди мусбати сармоягузориҳои ғайраи мувозӣ барои бунёди пулҳо, бозорҳо ва роҳҳои пайвандӣ амалӣ мешавад»- қайд намуд хонум Кейти Макдоналд, Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳ.

Барномаи USAID оид ба амнияти минтақавии энерҷӣ, самаранокӣ ва тиҷорат (RESET) яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки амалӣ гаштани он бо шарофати кӯмакҳои мардуми ИМА  тавассути USAID имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА кӯмак расонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.