Ҳосилнокии зироати ғалладона қариб 30% афзуд

Дар зарфи камтар аз як моҳ кишоварзони тоҷик аз 43,4 ҳазор гектар ҳудуди 120 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имсол ҳосилнокии зироати ғалладона афзуда, агар дар ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокӣ 27,5 сентнер аз як гектарро ташкил дода бошад, пас соли равон он ба ҳисоби миёна ба 35,7 […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи камтар аз як моҳ кишоварзони тоҷик аз 43,4 ҳазор гектар ҳудуди 120 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имсол ҳосилнокии зироати ғалладона афзуда, агар дар ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокӣ 27,5 сентнер аз як гектарро ташкил дода бошад, пас соли равон он ба ҳисоби миёна ба 35,7 сентнер аз як гектар баробар шудааст.

«Аз ҳаҷми умумии ҳосили ҷамъоваришуда 108 ҳазор тоннааш ба вилояти Хатлон ва боқимонда ба вилояти Суғду навоҳии тобеи марказ рост меояд. Ғайр аз ин, дар ин маълумот ҳосили ҷамъоваришудаи зироати ғалладона аз ҷониби аҳолӣ зикр нашудааст, ки то 30%-ро ташкил дода метавонад», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки соли ҷорӣ зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони умумии 292,6 ҳазор гектар кишт шудааст. Кишоварзони тоҷик соли гузашта дар ҳаҷми умумии 1 млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 ҳосили гандум дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон 938,4 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосили баландтарини ин навъи зироат дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, ҳудуди 70%-и он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.