А.Ҳаким: «Самак» даъвои маро нодуруст шарҳ медиҳад


Собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким изҳор мекунад, ки ҳафтавори «Самак» даъвои ӯ нисбати ин нашрияро ғаривоқеъӣ ва нодуруст шарҳ медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аскар Ҳаким аз болои ҳафтавори «Самак»

ба додгоҳ шикоят бурда

, барои паст задани шаъну эътибор ба сифати ҷуброни маънавӣ пардохти 150 ҳазор сомонӣ (1 $ = 4,75 сомонӣ) маблағро тақозо намуд.

Ба қавли шоир, идораи нашрия масъаларо ба тарзе пешниҳод мекунад, ки ӯ гӯё барои кадом як иштибоҳоти фаннӣ даъво карда бошад, вале дар асл ин тавр нест.

«Ин иштибоҳи фаннӣ набуда, дар он мавод зикр гардида буд, ки гӯё ман бинои собиқи Иттифоқи навсиандагонро фурӯхта, маблағашро азхуд кардаам ва ин суханонро гӯё президенти мамлакат дар вохӯрии моҳи марташ бо зиёиён гуфта бошад. Муаллифи маводу нашрия барои ба айбдории бофта маро гунаҳкор кардан, ин суханонро аз номи президент овардаанд, ки ин ҳам тибқи қонун муҷозот дорад», – иброз дошт А.Ҳаким.

Шоир мегӯяд, дар як маводи дигари ҳафтавор муаллиф калимаи «зиёӣ»-ро дар нохунак гирифта, ному насаби нависандагон, аз ҷумла ӯро низ номбар мекунад. «Дар ин маводи муаллиф ман чор иштибоҳ дарёфтам. Чӣ тавр ӯ зиёиёнро мавриди танқиди қарор дода метавонад, вақте худ забони тоҷикиро намедонаду аз нозукиҳои он бехабар аст?», – гуфт Аскар Ҳаким.

Аскар Ҳаким ҳамчунин изҳор намуд, ки ҳафтавори «Самак» аз ӯ узр напурсида, танҳо иштибоҳи худро эътироф намудааст. «Ман пас аз ду моҳи нашри мавод ба суд муроҷиат кардам, зеро аз идораи ҳафтавор маъзарат нахостанд, ҳарчанд рақами телефони маро медонистанду, танҳо занг задан зарур буд. Аммо чунин маводи барқасдонаи туҳматомез ва пастзанандаи обрӯву эътибор набояд бахшида шаванд», – афзуд шоир.

Дар ин робита қаблан сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки Аскар Ҳаким ба мақолаи санаи 20-уми март чопшуда дар ҳафтавор тахти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик» ишора дорад, ки дар он перомуни Иттифоқи рассомон сухан мерафтааст, вале ба иллати иштибоҳи фаннӣ ба ҷойи Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон дарҷ шуда, замони рӯйдодҳои мақола ба вақти дар мансаби раиси Иттифоқи нависандагон қарор доштани Аскар Ҳаким рост омадааст.

Ба қавли ӯ, дар шумораи баъдии ҳафтавор барои иштибоҳи фаннӣ узри ҳайати идора интишор шуда, сипас ду маротиба дар ҳафтавор раддияи худи Аскар Ҳаким низ ба табъ расидааст.

«Вале ин ҳам кофӣ набудааст ва ба мо аз суди ноҳияи Фирдавсӣ нусхаи даъво расид, ки дар он Аскар Ҳаким барои зарари маънавӣ пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор сомониро талаб кардааст», – иброз дошт Ҷ.Абдуллоев.

«Самак» ҳафтоври Маркази тадқиқоти журналистӣ буда, аз соли 2011 нашр мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное