Шиносоии имомхатибони Кӯлоб бо масоили гендерӣ

Дар Кӯлоб бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи минтақа таҳти унвони шартии «Ислом ва масоили гендерӣ» семинари серӯза доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, дар кори дарки масъалаву муфид гузаштани чорабинӣ сардабири маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон» Марямбӣ Давлатова, мудири шуъбаи мушкилоти гендерӣ ва умури байнулмилалии Кумитаи […]

Турко Дикаев


Дар Кӯлоб бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи минтақа таҳти унвони шартии «Ислом ва масоили гендерӣ» семинари серӯза доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, дар кори дарки масъалаву муфид гузаштани чорабинӣ сардабири маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон» Марямбӣ Давлатова, мудири шуъбаи мушкилоти гендерӣ ва умури байнулмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Маърифат Шокирова ва корманди Академияи улуми ҷумҳурӣ, профессор Нодир Одилов саҳм гирифтанд.

«Маълум шуд, ки аксари имомхатбон аз масъалаи баробрабҳуқуқии мардону занон дар ислом ё огаҳӣ надоранд ва ё ба он таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд. Дар китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон зану мард 24 маротиба зикр мешаванд, ки бешубҳа аз баробарии онҳо гувоҳӣ медиҳад», – иброз дошт Ш.Абдулҳамидов.

Ба қавли ӯ, дар рӯзи сеюми семинар занони яккаву танҳо, занони бевамонда, духтарони синнусоли шавҳарӣ низ ба кори семинар пайваста, маълум шудааст, ки онҳо низ аз ҳуқуқҳои худ тибқи шариати ислом огаҳии хуб надоранд. «Аз ин ба баъд ҳангоми никоҳ имомхатибон ҳатман навхонадоронро аз ҳуқуқҳояшон ва роҳҳои ҳифзи он огоҳ хоҳанд кард», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.