Як ширкати туркӣ корхонаи ордкашӣ бунёд карданист

Чанде қабл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Лариса Кислякова бо президенти гурӯҳи ширкатҳои турки «Тугур» Иброҳим Канпулот гуфтушунид кард. Ширкатҳои гурӯҳи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ ва сохтмони роҳу пулҳо машғул буда, ҳамчунин дар бахши сайёҳӣ низ фаъолият доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, тоҷири туркӣ дар бораи фаъолияти […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Лариса Кислякова бо президенти гурӯҳи ширкатҳои турки «Тугур» Иброҳим Канпулот гуфтушунид кард. Ширкатҳои гурӯҳи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ ва сохтмони роҳу пулҳо машғул буда, ҳамчунин дар бахши сайёҳӣ низ фаъолият доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, тоҷири туркӣ дар бораи фаъолияти ширкатҳои гурӯҳ маълумот дода, изҳор намуд, ки бо дастрасии қарз аз бонки туркӣ, бунёди як корхонаи ордкашӣ дар Тоҷикистон имкон дорад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин якчанд воситаҳои имкопазири роҳандозии ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар навбати худ, Кислякова баррасии масъалаи ҳамкориҳо бо минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз ҷониби ин ширкатҳоро пешниҳод кард, зеро барои фаъолият дар қаламрави он бисёр афзалияту имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.