Баррасии масъалаи дастрасии нашъамандон ба табобат

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо ташкилоти голландии башардӯстонаи «СПИД Фонд Восток-Запад» (AFEW) дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол» мизи мудаввар гузарониданд. Бино ба иттилои АНМН, дар кори он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок карданд. Муовини Директори […]

ASIA-Plus


Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо ташкилоти голландии башардӯстонаи «СПИД Фонд Восток-Запад» (AFEW) дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол» мизи мудаввар гузарониданд.

Бино ба иттилои АНМН, дар кори он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок карданд. Муовини Директори АНМН Бунафша Одинаева ҷаласаро кушода, қайд кард, ки новобаста аз ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд ва тамоили воридшавии қисми аҳолии кишвар ба истеъмоли мухаддирот ва паҳншавии бемории ВИЧ ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст.

Барои иштирокчиёни мизи мудаввар муаррифии электронӣ пешниҳод карда шуд, ки дар байни онҳо ҷолибтаринаш Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 буд.

Дар вақти баҳси мавзӯъ иштирокчиён бештар дар самти ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои муфид карданд.

Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи бо истеъмоли маводи нашъадор алоқамандро муҳокима намуданд. Дар рафти мизи мудаввар ба онҳо маълумоти пурра дар бораи вазъи эпидемиологии бо ВНМО ва бемории сил алоқаманд дар кишвар пешниҳод карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.