ХФМ: Ӯзбекону тоҷикон бештар ба қонуншиканӣ даст мезананд

Дар бахши қонунгузории муҳоҷирати Русия шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон бештар ба қонуншиканӣ даст мезананд. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ аз Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)и Русия, шаҳрвандони ин кишвар дар маҷмӯъ 60%-и шумори қонуншиканони бахши қонунгузории муҳоҷирати Русияро ташкил медодаанд. Ба иттилои РОСБАЛТ, аз 8-уми июн шумори шаҳрвандони хориҷие, ки қонунгузории […]

ASIA-Plus


Дар бахши қонунгузории муҳоҷирати Русия шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон бештар ба қонуншиканӣ даст мезананд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ аз Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)и Русия, шаҳрвандони ин кишвар дар маҷмӯъ 60%-и шумори қонуншиканони бахши қонунгузории муҳоҷирати Русияро ташкил медодаанд.

Ба иттилои РОСБАЛТ, аз 8-уми июн шумори шаҳрвандони хориҷие, ки қонунгузории муҳоҷирати Русияро риоя накардаанду вурудашон ба ин кишвар манъ аст, ба беш аз 100 ҳазор нафар расидааст. Ба иттилои манбаъ аз ХФМ, имрӯз аллакай зиёда аз 3 млн. шаҳрвандони хориҷие ошкор шудаанд, ки барои риоя накардани муҳлати будубош дар Русия (90 шабонарӯз), вурудашон ба ин кишвар манъ мешавад.

Қобили зкир аст, ки чанде қабл вакилони Думаи давлатии Русия Алексей Журавлев (Единая Россия) ва Сергей Жигарев (ЛДПР) пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба харидани «вексели муҳоҷиратӣ» ба маблағи 30 ҳазор рубли русӣ ӯҳдадор карда шаванд ва онро бояд шаҳрвандони кишварҳое дастрас кунанд, ки бо онҳо Русия реҷаи вуруду хурӯҷи бидуни раводид дорад. Бо ин вексел пардохти арзиши истирдоди муҳоҷир ба ватан пешбинӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.