ВКД ҶТ: Иштибоҳ дар шиноснома ислоҳ шуд

То рӯзҳои ахир шиносномаҳои шаҳрванди Тоҷикистон бо як иштибоҳи грамматикӣ дода мешуданд, яъне дар саҳифаи 16-ум, саҳифаи охири шиноснома дар бораи Муқаррарот дар бораи низоми шиносномавӣ дар ҶТ дар калимаи «жительства» ба ҷойи аломати ҷудоӣ «ь» аломати сакта «ъ» дарҷ шуда буд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар шиносномаҳои нави ба ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus


То рӯзҳои ахир шиносномаҳои шаҳрванди Тоҷикистон бо як иштибоҳи грамматикӣ дода мешуданд, яъне дар саҳифаи 16-ум, саҳифаи охири шиноснома дар бораи Муқаррарот дар бораи низоми шиносномавӣ дар ҶТ дар калимаи «жительства» ба ҷойи аломати ҷудоӣ «ь» аломати сакта «ъ» дарҷ шуда буд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар шиносномаҳои нави ба ҷумҳурӣ воридгардида ин иштибоҳ ислоҳ шудааст. «Дар баробари шиносномаҳои нав шиносномаҳои кӯҳна бо иштибоҳи зикршуда низ қонунӣ буда, чун пештара амал мекунанд», – гуфтанд дар ВКД,

Қобили зикр аст, ки ба шаҳрвнадон ин гуна шиносномаҳо ҳанӯз аз соли 1998 дода мешаванд ва ҳарчанд соли 2001 бланкаҳои шиносномахои дохилии шаҳрванди Тоҷикистон иваз шуда бошанд ҳам, матни дохили он бетағйир боқӣ монда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.